базм — [بزم] зиёфате, ки ба муносибати ягон воқеаи хурсандибахш (тӯй ва ғ.) бо иштироки ҳофизон, раққосон ва созандагон ороста мешавад; маҷлиси айшу тараб; базм кардан (оростан) базм ташкил кардан ◊ базми дойрагӣ базме, ки ба он ғайр аз одамони даъватӣ… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
боазамат — [باعظمت] пуразамат; азим, бошукӯҳ: бинои боазамат … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
босавлат — [باصولت] 1. боҳайбат, салобатнок; бошукӯҳ; сатанг: марди босавлат, ҷавони босавлат 2. босавлатона, босалобатона; мутакаббирона: босавлат нишастан, босавлат роҳ рафтан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ботантана — [باطنطنه] бокарруфар, бошукӯҳ, бодабдаба, тантананок: маросими ботантана … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бофарр — [بافر] дорои фар(р), бошукӯҳ, шукӯҳманд … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
боҳашамат — [باحشمت] бошукӯҳ, боазамат, бузург, дабдабанок … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бошавкат — [باشوکت] боҳашамат, бошукӯҳ, мӯҳташам; азим: кишвари бошавкат, лашкари бошавкат … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бошаҳомат — [باشهامت] 1. бошукӯҳ, боҳашамат, мӯҳташам 2. далер, бебок, шуҷоъ: марди бошаҳомат … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дабдабанок — [دبدبه ناک] 1. ботантана, мутантан, бошукӯҳ, пурҳашамат: зиёфати дабдаданок, тӯйи дабдабанок, қасри дабдабанок 2. маҷ. бо пардозу ороиши аз ҳад зиёд; аз ҳад зиёд иборапардозона, тумтароқ (сухан гуфтан) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дакаданг — [دکدنگ] гуфт 1. калимаи тақлиди овози мунтазам ба ҷое задан ё расидани чизҳо; дак дак 2. маҷ. боҳашамат, бошукӯҳ, дабдабанок: иморати дакаданг, гунбази дакаданг … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ